17 сентябри соли 2026 | шаҳри Сеул, Ҷумҳурии Корея
Имрӯз, дар шаҳри Сеул, дар ҳошияи сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея, Форуми стратегии сармоягузории Тоҷикистону Корея баргузор гардид.
Дар кори Форум зиёда аз 250 нафар, аз ҷумла намояндагони мақомоти давлатӣ, доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ, ширкатҳои бонуфуз ва коршиносони ду кишвар иштирок намуданд.
Дар доираи Форум раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода оид ба имкониятҳои сармоягузории кишвар, ислоҳоти амалишаванда ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея суханронӣ намуд.
Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ, татбиқи технологияҳои муосир, таъсиси корхонаҳои муштарак, коркарди ашёи хоми ватанӣ то маҳсулоти ниҳоӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.
Ба иштирокчиён имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон ва лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои саноат ва коркарди маъдан, гидроэнергетика ва истеҳсоли энергияи «сабз», технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулот, маориф, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои ояндадор муаррифӣ карда шуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба рушди ҳамкорӣ дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак, ворид намудани технология ва таҷҳизоти пешрафтаи кореягӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос, густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории дорои аҳаммияти стратегӣ зоҳир карда шуд.
Дар фарҷоми Форум як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки барои таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои муосир, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Русский
English
41