28-уми сентябр соли 2026 дар шаҳри Давҳа раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо Шайх Ҳамад бин Талол Оли Сонӣ, Директори генералии Ширкати сармоягузории амволи ғайриманқули «Қатари Диёр» мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Қатар, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятнок ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба раванди идомаи татбиқи лоиҳаи «Диёри Душанбе» зоҳир гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба пешбурди лоиҳаро муҳокима намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамоҳангӣ дар ин самт изҳор доштанд.

Русский
English
42