28 сентябри соли 2026 дар шаҳри Давҳа Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ба сифати муовини Раиси Ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ (БОСИ) дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар кори ҷаласаи мазкур намояндагони 86 кишвари аъзои БОСИ, аз ҷумла намояндагони ҳукуматҳо, роҳбарони мақомоти бахши молия, иқтисод ва сармоягузорӣ, бонкҳои марказӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва доираҳои тиҷоратӣ ширкат варзиданд. Чорабинии имсола бо назардошти ба анҷом расидани даҳ соли фаъолияти Бонк аҳамияти махсус пайдо намуд ва ба ҷамъбасти натиҷаҳои бадастомада ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди минбаъда бахшида шуд.
Султон Раҳимзода дар суханронии худ дастовардҳои 10-солаи БОСИ-ро дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва мусоидат ба рушди устувори кишварҳои аъзо таъкид карда, қайд намуд, ки Бонк дар муддати кӯтоҳ ба яке аз ниҳодҳои муътабари молиявии бисёрҷониба табдил ёфта, дар ҳалли масъалаҳои муҳими рушди иқтисодии минтақа нақши назаррас мебозад.
Зимни суханронӣ ба рушди ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо БОСИ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дастгирии Бонк дар татбиқи лоиҳаи НБО «Роғун» ва Барномаи бисёрсолаи сармоягузорӣ ба маблағи 800 млн доллари ИМА, ки дар ҳамкорӣ бо БОСИ амалӣ мегардад, махсус қайд карда шуд.
Дар анҷом, Султон Раҳимзода омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои идомаи ҳамкориҳои густурда бо БОСИ ва кишварҳои аъзои он дар самти татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва сармоягузорӣ изҳор намуд.

Русский
English
37