14 октябри соли 2026 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маросими имзои 23 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 3,1 миллиард доллари ИМА баргузор гардид.
Санадҳои имзошуда соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат, энергетика, истеҳсолот, алоқа, тандурустӣ, маориф, рушди инфрасохтор ва ҳифзи муҳити зистро фаро мегиранд.
Татбиқи амалии санадҳои имзошуда ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, ҷалби сармоя, воридоти технологияҳои муосир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, тақвияти иқтидори содиротӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар мусоидат менамояд.
Имзои ин санадҳо, ки аз натиҷаҳои муҳимтарини Форум ба шумор меравад, самараи сиёсати пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои сармоягузорон ва дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ буда, аз эътимоди устувори шарикони ватанӣ ва хориҷӣ ба имкониятҳои васеи иқтисоди миллӣ гувоҳӣ медиҳад.

Русский
English
84