шаҳри Душанбе, 14 октябри соли 2026
14 октябри соли 2026 дар «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), узви Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, Форуми рушди фондҳои сармояи венчурӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори Форум намояндагони мақомоти давлатӣ, фондҳои венчурии минтақавию байналмилалӣ, сармоягузорони хусусӣ, аз ҷумла сармоягузорони фариштаӣ, муассисаҳои молиявӣ, муассисони стартапҳо, соҳибкорон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои дастгирии инноватсия иштирок намуданд.
Дар Форум вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди экосистемаи стартапҳо ва сармояи венчурӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Коршиносон ва намояндагони соҳа таҷрибаи минтақавиро муаррифӣ намуда, тамоюлҳои нав, имкониятҳо ва мушкилоти рушди бозори сармояи венчуриро муҳокима карданд.
Қисмати муҳими Форум ба дидгоҳи сармоягузорони минтақавӣ ва байналмилалӣ бахшида шуд. Иштирокчиён омилҳои таъсиррасон ба қабули қарорҳои сармоягузорӣ, монеаҳои мавҷуда дар ин самт, инчунин роҳҳои амалии ҷалби сармояи венчурӣ ба стартапҳо ва корхонаҳои инноватсионии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Баргузории Форум ба тақвияти муколама миёни давлат ва бахши хусусӣ, таҳияи тавсияҳои амалӣ ҷиҳати беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ, густариши робитаҳои касбӣ ва ташаккули шарикиҳои нави сармоягузорӣ мусоидат намуда, барои муаррифии васеътари экосистемаи стартапҳои Тоҷикистон ба сармоягузорони минтақавӣ ва байналмилалӣ замина фароҳам овард.

Русский
English
120