Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Форуми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон таҳти унвони «Аз муколама то лоиҳаҳои омода барои сармоягузорӣ»

      Душанбе, 14 октябри соли 2026

      14 октябри соли 2026 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Форуми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон – 2026 таҳти унвони «Аз муколама то лоиҳаҳои омода барои сармоягузорӣ» баргузор гардид.

      Дар Форум намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, бонкҳо, фондҳо, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд, инчунин сармоягузорону коршиносон иштирок намуданд.

      Барномаи Форум аз ду ҷаласаи панелӣ иборат буд, ки дар онҳо таҷрибаи кишварҳои минтақа ва дурнамои рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

      Дар ҷаласаи якум — «Аз таҷриба то натиҷа: рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар кишварҳои минтақа» — таҷрибаи минтақавию байналмилалӣ, моделҳои самараноки ҳамкорӣ ва масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ баррасӣ гардида, таваҷҷуҳи махсус ба соҳаҳои энергетикаи сабз, нақлиёту логистика, обтаъминкунӣ ва инфрасохтори коммуналӣ, тандурустӣ, маориф ва инфрасохтори рақамӣ зоҳир карда шуд.

      Ҷаласаи дуюм — «Шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон: аз ислоҳоти институтсионалӣ то лоиҳаҳои муваффақ» — ба масъалаҳои такмили заминаҳои ҳуқуқӣ, институтсионалӣ ва молиявӣ, омодасозии босифати лоиҳаҳо, тақсимоти хавфҳо, истифодаи маблағгузории омехта, кафолатҳо ва дигар механизмҳои коҳиш додани хавфҳо бахшида шуд.

      Дар доираи Форум инчунин намоиши лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ пешбинӣ шуда, ба иштирокчиён имкониятҳои мушаххаси сармоягузорӣ муаррифӣ гардиданд. Ҳамчунин, мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб сурат гирифта, қадамҳои минбаъда барои пешбурди лоиҳаҳои афзалиятнок муайян карда шуданд.

      АКСҲО:

      14.10.2026
      124
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2026 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика Сайты Таджикистана. Единый каталог сайтов
      ТАМОС БО МО