шаҳри Душанбе, 15 октябри соли 2026
15 октябри соли 2026 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» Форуми байналмилалии G10 Insights & Investment Forum 2026 баргузор гардид.
Форуми G10 платформаи байналмилалии соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ буда, ба рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва таҳкими ҳамкории мустақим миёни соҳибкорон, сармоягузорон ва ниҳодҳои давлатӣ равона шудааст. Форум роҳбарони ширкатҳо, соҳибкорони муваффақ, намояндагони муассисаҳои молиявӣ, сармоягузорон ва коршиносони дорои таҷрибаи амалӣ дар таъсис, рушд ва тавсеаи тиҷоратро ба ҳам овард.
Барномаи Форум аз ду бахши асосӣ - «Success Stories» ва «Investment Opportunities», инчунин ҷаласаи махсуси панелӣ оид ба тиҷорати электронӣ иборат буд. Дар Форум соҳибкорон, сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳо аз Тоҷикистон, Ҷопон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Эрон, Ӯзбекистон, Россия, Ҳиндустон, Малайзия ва дигар кишварҳо таҷриба ва дидгоҳҳои худро муаррифӣ намуданд.
Дар бахши «Success Stories» таҷрибаи соҳибкорон ва роҳбарони муваффақ, қарорҳои муҳим дар раванди рушди тиҷорат, усулҳои идоракунӣ, трансформатсияи рақамӣ ва тавсеаи фаъолияти ширкатҳо муаррифӣ гардиданд. Дар бахши «Investment Opportunities» таваҷҷуҳи асосӣ ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, рушди робитаҳои байналмилалии тиҷоратӣ, технологияҳои нав ва имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак равона карда шуд.
Ҳамзамон, ҷаласаи панелӣ таҳти унвони «Тиҷорати электронӣ ҳамчун омили ҷалби сармоя: маркетплейсҳои насли нав, пардохтҳо ва логистика» баргузор гардид. Дар он масъалаҳои рушди маркетплейсҳо, логистика ва расонидани мол то истеъмолкунандаи ниҳоӣ («last mile»), инфрасохтори пардохтӣ, тиҷорати рақамӣ, инчунин истифодаи зеҳни сунъӣ ва автоматизатсия дар рушди тиҷорати электронӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Форуми байналмилалии G10 Insights & Investment Forum 2026 ба ҷалби сармоя, роҳандозии лоиҳаҳои муштарак, густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ, муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон ва ташаккули шарикиҳои нави дарозмуддат миёни соҳибкорон, сармоягузорон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои давлатӣ мусоидат намуд.

Русский
English
50