Рӯзҳои 14–15 октябри соли 2026 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе Форуми соҳибкории «ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!» ва як қатор чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалию соҳавӣ бахшида ба Рӯзи соҳибкорон баргузор гардиданд.
Дар Форум ва чорабиниҳои марбут ба он зиёда аз 1500 нафар, аз ҷумла 150 сармоягузори хориҷӣ ва 90 ҳамватани бурунмарзӣ, инчунин намояндагони мақомоти давлатӣ, роҳбарони ширкатҳои бонуфуз, корпуси дипломатӣ ва намояндагии ташкилотҳои байналмилалии молиявии муқими шаҳри Душанбе, фондҳои сармоягузорӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Рӯйдоди марказии чорабиниҳо ин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорон буд, ки санаи 14-уми октябр баргузор гардид.
Зимни мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорону сармоягузоронро ба муносибати Рӯзи соҳибкорон табрик намуда, саҳми арзандаи онҳоро дар рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва пешрафту ободонии кишвар таъкид карданд.
Дар мулоқот масъалаҳои беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, дастгирии ташаббусҳои бахши хусусӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ, инноватсия ва соҳибкории технологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ, содагардонии расмиёти фаъолияти соҳибкорӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии соҳибкорону сармоягузорон ва фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид барои фаъолияти онҳо ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкории хурду миёна мораторий барои санҷиши ин субъектҳо, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз, барои ду соли дигар – то 1-уми январи соли 2029 тамдид карда шавад.
Инчунин, бо мақсади қадрдонии саҳми соҳибкорон дар рушди иқтисоди миллӣ ва ободонии кишвар мукофоти махсуси давлатӣ таъсис дода шуда, дар ин замина лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод карда шавад.
Минбаъд таҷлили бошукӯҳи Рӯзи соҳибкорон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бо баргузории чорабиниҳои гуногун, муаррифии дастовардҳо ва қадрдонии соҳибкорони фаъол ба роҳ монда шавад.
Дар идомаи мулоқот маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» баргузор гардида, соҳибкорони муваффақи кишвар аз рӯйи 16 номинатсия барои дастовардҳои назаррас ва саҳми арзанда дар рушди иқтисоди миллӣ бо диплом ва ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон, дар доираи Форуми соҳибкории «ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!» рӯҳои 13-15 октябр як қатор форумҳо, ҷаласаҳои соҳавӣ, мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои махсус баргузор гардиданд. Аз ҷумла:
Форуми шарикии давлат ва бахши хусусӣ таҳти унвони «Аз муколама то лоиҳаҳои омода барои сармоягузорӣ» ба масъалаҳои ҷалби сармояи хусусӣ, рушди инфрасохтор, такмили механизмҳои ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ ва омодасозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ бахшида шуд.
Дар Форуми рушди фондҳои сармояи венчурӣ дар Тоҷикистон масъалаҳои рушди экосистемаи стартапҳо, ҷалби сармояи венчурӣ, дастгирии соҳибкории инноватсионӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави маблағгузорӣ барои лоиҳаҳои технологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар Форуми «G10 Insights & Investment Forum 2026» соҳибкорону сармоягузорони муваффақ ва коршиносони самти пешбурди тиҷорат аз Тоҷикистон, Ҷопон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Эрон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Россия ва дигар кишварҳо иштирок намуда, ба иштирокчиён таҷрибаи муваффақи худро дар самти пешбурд ва тавсеаи тиҷорат, ҷалби сармоя, татбиқи роҳҳои инноватсионӣ ва роҳёбӣ ба бозорҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуда, имкониятҳои густариши ҳамкориҳои судманд ва роҳандозии ташаббусҳои муштаракро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин, таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва бо иштироки роҳбарони авали бахши иқтисодӣ муколамаи озоди мақомоти давлатӣ бо шарикони рушд, сармоягузорони хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ баргузор карда шуд, ки дар он мушкилоту монеаҳои мавҷуда дар фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя баррасӣ гардида, ҷиҳати бартараф намудани онҳо, такмили расмиёти маъмурӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба масъулони дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар доираи Форум инчунин рӯзҳои 14–15 октябр намоишгоҳи молу маҳсулот ва хизматрасониҳои ширкатҳои ватанию хориҷӣ баргузор гардид. Дар намоишгоҳ иштирокчиён имконият пайдо намуданд, ки бо дастовардҳои истеҳсолӣ, маҳсулоти нав ва хизматрасониҳои муосир шинос шуда, доир ба роҳандозии ҳамкориҳои тиҷоратӣ, дарёфти шарикони нав ва тавсеаи бозорҳои фурӯш табодули афкор намоянд.
Санаи 13-уми октябр бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, рушди робитаҳои корӣ ва таҳкими муносибатҳо дар ҷомеаи соҳибкорӣ Дави соҳибкорони Тоҷикистон - 2026 ташкил карда шуд.
Илова бар ин, дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории “Тоҷикистон, ба пеш!” 11 чорабинии канорӣ бо фарогирии мавзӯҳои «Соҳибкории занон: имкониятҳо, инноватсия ва рушди устувор», «Лоиҳаи инкубатсияи тиҷорати хурд: аз идея то натиҷа», «Шарикони рушд, роҳҳалҳои бонкӣ ва суғуртавӣ», «Пешубурди дигаргунсозизои иқтисодӣ барои рушди устувор», «Ислоҳоти татбиқгардида дар самти соҳибкорӣ дар 35 соли охир», «Душанбе: аз дурнамо ба сармоягузорӣ (from vision to investment)», «муаррифии лоиҳаҳои стартап (Startap World Cup)», «Занони соҳибкор дар иқтисоди рақамӣ: аз малакаҳои рақамӣ то рушди соҳибкорӣ ва имкониятҳои нав», «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди соҳибкорӣ ва иқтисоди рақамӣ» ва «Таҳдидҳои киберӣ ва роҳҳои таъмини амнияти рақамӣ дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ дар шароити муосир» ва ғайраҳо баргузор карда шуд.
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» 23 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум ба маблағи умумии 3,1 миллиард доллари ИМА ба имзо расонида шуд. Санадҳои баимзорасида соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат, коркарди ашёи хом, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, саноати хӯрокворӣ, энергетика, алоқа ва телекоммуникатсия, сохтмон, тандурустӣ, маориф, обтаъминкунӣ, инфрасохтори коммуналӣ, идоракунии партовҳо ва ҳифзи муҳити зистро фаро мегиранд.
Дар фарҷоми Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шоми 15-уми октябр дар майдони 800-солагии Москва барои сокинони шаҳри Душанбе барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳунармандон ва сарояндагони маъруфи кишвар баргузор карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки чорабиниҳои дар доираи «Ҳафтаи соҳибкорӣ» баргузоргардида бори дигар собит намуданд, ки рушди соҳибкорӣ, дастгирии ташаббусҳои бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳкими ҳамкории созандаи давлат ва ҷомеаи соҳибкорӣ заминаи муҳими тавсеаи истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад.

Русский
English
43