Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2026

      шаҳри Душанбе, 20 октябри соли 2026

      Имруз, дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таҳти раёсати раиси Кумита Султон Раҳимзода ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2026 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли ҷорӣ баргузор гардид.

      Дар ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, роҳбарон ва масъулони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои низоми Кумита иштирок намуданд. Ҳамчунин, роҳбарони раёсату шуъба ва бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври маҷозӣ дар кори ҷаласа ширкат варзиданд.

      Зимни ҷаласа, Раиси Кумита Султон Раҳимзода натиҷаҳои фаъолияти воҳидҳои сохторӣ, ташкилотҳои низоми Кумита ва раёсату шуъба ва бахшҳои сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ дар маҳалҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

      Таваҷҷуҳи махсус ба пайгирии амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон баён гардиданд, инчунин татбиқи натиҷаҳои Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» зоҳир карда шуд. Дар ин робита, зарурати таҳияи нақшаи мушаххаси чорабиниҳо бо муайян намудани масъулон, муҳлатҳои иҷро ва натиҷаҳои пешбинишаванда таъкид гардид.

      Ҳамзамон, масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо сармоягузорони дохилию хориҷӣ, омодасозӣ ва пешбурди лоиҳаҳои сармоягузорӣ, баррасии саривақтии муроҷиатҳои соҳибкорон, мусоидат ба бартарафсозии монеаҳои маъмурӣ ва таъмини иҷрои барномаҳои давлатии дастгирии соҳибкорӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

      Дар самти идораи молу мулки давлатӣ ба истифодаи самараноки дороиҳо, тақвияти баҳисобгирӣ ва назорати амвол, таъмини шаффофияти расмиёти дахлдор ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои фаъолияти корхонаҳои давлатӣ аҳаммияти махсус дода шуд.

      Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа ҷиҳати иҷрои вазифаҳои семоҳаи чорум, рафъи камбудиҳои ошкоргардида ва ҷамъбасти бомуваффақияти соли 2026 ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои низоми Кумита супоришҳои мушаххас дода шуданд.

      АКСҲО:

      20.10.2026
      51
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2026 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика Сайты Таджикистана. Единый каталог сайтов
      ТАМОС БО МО