29 октябри соли 2026 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони соҳа таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон соҳа иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш масъалаҳои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, риояи қонунгузории миллӣ ва тақвияти саҳми ҷавонон дар рушди давлатдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа дар ҳифзу таҳкими Истиқлоли давлатӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ нақши муҳим доранд. Дар ин замина, масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа арзёбӣ гардиданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор ҷавонони фаъоли Кумита барои фаъолияти пурсамар ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо ифтихорномаҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Русский
English
57