29 октябри соли 2026 вохурии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холид ибни Абдуллоҳ аш-Шамронӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла, ҷалби сармояи мустақим барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок, баргузории форуму ҳамоишҳои муштараки сармоягузорӣ ва роҳандозии робитаҳои мустақим миёни доираҳои соҳибкории ду кишварро баррасӣ намуданд.
Дар ин раванд, ҷонибҳо нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва Шӯрои соҳибкории ду кишварро муҳим арзёбӣ намуда, зарурати истифодаи самараноки ин механизмҳоро барои тавсеаи робитаҳои соҳибкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак таъкид карданд.

Русский
English
53