Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Дар шаҳри Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид

      5 ноябри соли 2026 дар шаҳри Остона, дар доираи сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид.

      Дар кори Форум роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар иштирок намуданд.

      Зимни суханрониҳои ифтитоҳӣ ҷонибҳо баргузории чунин ҳамоишҳои сатҳи баландро омили муҳимми таҳкими муколамаи созандаи иқтисодӣ, густариши робитаҳои мустақими соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ арзёбӣ намуданд.

      Дар ин замина, аҳаммияти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оид ба расонидани ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба то соли 2030 ба 2 миллиард доллари ИМА махсус таъкид карда шуд.

      Дар Форум раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода имкониятҳо ва афзалиятҳои сармоягузории кишвар, фазои мусоиди соҳибкорӣ, иқтидори истеҳсолию содиротӣ ва самтҳои афзалиятноки ҷалби сармояи хориҷиро муаррифӣ намуд.

      Маврид ба зикр аст, ки муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон дар солҳои охир тамоюли устувори рушдро касб намуда, Ҷумҳурии Қазоқистон дар қатори шарикони пешсафи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

      Тибқи маълумоти оморӣ, дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии ду кишвар ба 1 миллиарду 130 миллион доллари ИМА расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба маблағи 230,9 миллион доллар ё 25,6 фоиз зиёд мебошад.

      Ҳамзамон, ҳамкориҳои сармоягузорӣ низ тамоюли мусбати рушдро нишон дода, Ҷумҳурии Қазоқистон аз рӯи ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷии воридшуда ба иқтисодиёти Тоҷикистон мақоми сеюм ва аз рӯи ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ мақоми ҳаштумро ишғол менамояд.

      Дар нимсолаи якуми соли 2026 ҳаҷми сармоягузории Қазоқистон ба иқтисодиёти Тоҷикистон 97,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

      Дар ҷараёни Форум таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои истифодаи самараноки иқтидори иқтисодии ду давлат, афзоиши ҳаҷму номгӯи гардиши савдои мутақобила, густариши ҳамкориҳои саноатӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, рушди инфрасохтори нақлиётиву логистикӣ, инчунин ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ равона карда шуд.

      Дар доираи Форум, инчунин, мулоқоту музокироти дуҷонибаи дар қолабҳои B2B ва B2G баргузоргардида, миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар 25 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 2,5 миллиард доллари ИМА ба имзо расид, ки ба таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду давлат нигаронида шудаанд.

      АКСҲО:

      05.11.2026
      27
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2026 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика Сайты Таджикистана. Единый каталог сайтов
      ТАМОС БО МО