Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Иштироки Раиси Кумита дар Конфронси ҷаҳонии сармоягузорӣ дар шаҳри Женева

      10 ноябри соли 2026 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода дар доираи Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар шаҳри Женева дар мизи мудаввари сатҳи вазирон таҳти унвони «Даҳсолаи ояндаи сармоягузории ҷаҳонӣ» иштирок ва суханронӣ намуд.

      Конфронс бо ташаббуси Ассотсиатсияи ҷаҳонии агентиҳои мусоидат ба сармоягузорӣ (WAIPA) баргузор гардида, намояндагони мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва доираҳои соҳибкориро барои баррасии тамоюлҳо ва дурнамои сармоягузории ҷаҳонӣ ба ҳам овард.

      Султон Раҳимзода дидгоҳи Тоҷикистонро оид ба рушди сармоягузорӣ дар даҳсолаи оянда муаррифӣ намуда, аҳаммияти гузариш ба энергетикаи «сабз», таҳкими пайвастагии минтақавӣ ва истифодаи технологияҳои муосирро таъкид кард. Дар ин замина, иқтидори гидроэнергетикии кишвар ва нақши Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар таҳкими амнияти энергетикӣ ва тавсеаи истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза муаррифӣ гардид.

      Ҳамчунин, имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои агросаноатӣ, нассоҷӣ, истихроҷу коркарди маъдан, сайёҳӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ пешниҳод шуда, зарурати рушди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ ва рақамӣ, тавсеаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва истифодаи механизмҳои инноватсионии маблағгузорӣ қайд гардид.

      Таъкид шуд, ки сармоягузорӣ бояд ба таъсиси ҷойҳои корӣ, интиқоли технология, рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани устувории иқтисоди миллӣ мусоидат намояд.

      Дар анҷом Раиси Кумита омодагии Тоҷикистонро ба тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо сармоягузорони байналмилалӣ ва шарикони рушд ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои ояндадор иброз намуд.

       

      АКСҲО:

      10.11.2026
      37
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2026 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика Сайты Таджикистана. Единый каталог сайтов
      ТАМОС БО МО