Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Суханронӣ дар ҷаласа оид ба сармоягузорӣ ба энергияи тоза дар Женева

      11 ноябри соли 2026 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода дар доираи Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар ҷаласа оид ба «Гузариш ба энергияи тоза: лоиҳаҳои воқеии сармоягузорӣ» (Energy Transition, Real Deals) иштирок ва суханронӣ намуд.

      Ҷаласа ба баррасии роҳҳои ҷалби сармоя ба соҳаи энергетикаи тоза, таҳияи лоиҳаҳои ҷолиб барои сармоягузорон, такмили сиёсати давлатӣ ва рафъи монеаҳо дар маблағгузории тарҳҳои бузурги энергетикӣ бахшида шуд.

      Зимни суханронӣ Султон Раҳимзода имкониятҳои васеи гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзалиятҳои стратегии кишвар дар самти таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди иқтисоди сабзро муаррифӣ намуд.

      Таваҷҷуҳи асосӣ ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаи стратегии сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» равона гардид. Раиси Кумита доир ба корҳои анҷомдодашуда ҷиҳати асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, арзёбии қобилияти сармоягузорӣ ва таҳияи механизмҳои маблағгузории лоиҳа маълумот пешниҳод намуд.

      Таъкид гардид, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои фаъолонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони байналмилалии рушд ва ниҳодҳои молиявӣ, ба раванди баррасӣ ва ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаи мазкур зиёда аз 10 ниҳоди молиявӣ ва сармоягузории байналмилалӣ ҷалб карда шудаанд.

      Ҳамзамон, Султон Раҳимзода ислоҳоти аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика амалишавандаро муаррифӣ намуда, тадбирҳои такмили низоми идоракунӣ, таъмини шаффофияти молиявӣ, таҳкими устувории молиявию иқтисодии корхонаҳои соҳавӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи хусусиро шарҳ дод.

      Қайд карда шуд, ки татбиқи чунин ислоҳот барои баланд бардоштани эътимоди сармоягузорон, коҳиш додани хавфҳои сармоягузорӣ ва таъмини маблағгузории устувори лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ аҳамияти калидӣ дорад.

      Дар фарҷом Раиси Кумита омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои густариши ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва сармоягузорони хориҷӣ дар самти рушди энергетикаи тоза, татбиқи лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва тавсеаи бозори минтақавии неруи барқ таъкид намуд.

      АКСҲО:

      11.11.2026
      22
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2026 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика Сайты Таджикистана. Единый каталог сайтов
      ТАМОС БО МО