Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Мулоқот бо намояндаи Департаменти давлатии ИМА ва Директори минтақавии CIPE

      17 ноябри соли 2026 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо намояндаи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷаноби Зулфиқор Хон ва директори минтақавии Маркази байналмилалии соҳибкории хусусӣ (CIPE) барои Аврупо ва Авруосиё хонум Элизабет Ленц Ҷедваб мулоқот намуд.

      Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба баргузории Форуми навбатии B5+1-ро, ки баргузории он дар моҳи апрели соли 2027 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо оид ба мавзӯъҳои асосии рӯзномаи форум, доираи иштирокчиён, ҷалби намояндагони ширкатҳои амрикоӣ ва соҳибкорони кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин ташкили ҳамоҳангии корҳои омодасозӣ табодули назар намуданд.

      Форуми B5+1 барои муколамаи намояндагони бахши хусусии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико замина фароҳам оварда, баргузории он дар шаҳри Душанбе барои муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, пешниҳоди лоиҳаҳои мушаххас ба сармоягузорони хориҷӣ ва густариши робитаҳои мустақим миёни доираҳои соҳибкорӣ мусоидат хоҳад кард.

      Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ба идомаи ҳамкорӣ дар доираи омодасозии форум ва дигар ташаббусҳои муштарак дар самти дастгирии соҳибкорию сармоягузорӣ изҳор намуданд.

      АКСҲО:

      17.11.2026
      36
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2026 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика Сайты Таджикистана. Единый каталог сайтов
      ТАМОС БО МО