Бо мақсад иштирок дар Ҷаласаи 55-уми солонаи Бонки Осиёии Рушд рӯзҳои 26-30 сентябри соли 2022 намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Муовини якуми Сарвазир Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Давлаталӣ Саид ва Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ сафари корӣ оғоз намуданд.
Дар ҳошияи Ҷаласаи солона, ҳайати кишвар бо Президенти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Масасугу Асакава, ноиби президенти Бонк ҷаноби Шиксин Чэн, Директор иҷроияи Шӯрои директорони Бонк ҷаноби Самир Кҳара, Директор Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ ҷаноби Жуков Евгений ва Вазири молия Покистон ҷаноби Сардор Аёз Садиқ ҳамчун узви Бонк вохӯриҳои дуҷониба баргузор намуданд.
Дар рафти вохӯриҳо қайд карда шуд, ки дар тули 24 соли шарикии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд портфели маблағгузорӣ аз 175 лоиҳаҳои муштарак ба маблағи умумии зиёда аз 2,3 млрд доллар иборат буда, амалисозии ин лоиҳаҳо дар рушди соҳаҳои муҳими иқтисодиёт нақши назаррас доранд.
Инчунин, баён карда шуд, ки Бонк яке аз шариконии асосии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, айни замон дар ҷумҳурӣ 16 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ба маблағи 868,9 миллион доллар дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, шаҳрдорӣ ва бахши молия амалӣ шуда истодаанд.
Ҷонибҳо барои ба тақвияти ҷиддӣ бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ба рушди минтақа равонашуда омодагии худро изҳор намуданд.
Дар маҷмӯъ, мулоқотҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардиданд.