Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      ДАЪВАТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ

      Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодии занони Тоҷикистон (TWEEP)

      Рақами грант: TF-D1600

      Вазифа: Мутахассис оид ба идоракунии молиявӣ

      Рақами истинод: TWEEP-CS-IC-08

       Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ барои омодасозӣ ва татбиқи Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодиёти занон дар Тоҷикистон (TWEEP) гирифтааст ва ният дорад қисми ин маблағҳоро барои хизматрасонии мушовири инфиродӣ равона созад.

      Вазифа аз таъмини идоракунии самараноки молиявии маблағҳои Лоиҳа, аз ҷумла таҳияи буҷет, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ, азхудкунии маблағҳо, назорати дохилӣ, нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва гузаронидани аудитҳо, бо риояи пурраи талаботи Бонки ҷаҳонӣ, Созишномаи маблағгузорӣ, Дастурамали амалиётии Лоиҳа (POM) ва қонунгузории миллӣ иборат мебошад. Таҳти роҳбарии умумии Ҳамоҳангсози лоиҳа ва дар ҳамкории зич бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, Мутахассис низоми боэътимоди идоракунии молиявиро таъсис дода, нигоҳ медорад; буҷетҳои Лоиҳаро таҳия ва нав намуда, иҷрои онҳоро назорат мекунад; баҳисобгирии муҳосибии Лоиҳаро тавассути низоми қобили қабули компютерӣ пеш мебарад; маблағҳои Лоиҳа, аз ҷумла суратҳисоби махсус ва суратҳисобҳои бонкии Лоиҳаро идора менамояд; дархостҳо барои гирифтани маблағҳо ва ҳисоботи фосилавии молиявӣ (IFR)-ро омода мекунад; пешниҳоди саривақтии маълумоти молиявиро таъмин менамояд; аудити беруниро ҳамоҳанг карда, иҷрои тавсияҳои аудиториро пайгирӣ мекунад; инчунин миссияҳои дастгирии татбиқи Бонки ҷаҳонӣ ва баррасиҳои идоракунии молиявиро дастгирӣ менамояд. Мутахассис ба таври пурра дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, дар ҳолати зарурӣ ба объектҳои минтақавии Лоиҳа (ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ) сафарҳои корӣ анҷом медиҳад. Шартнома дар доираи TWEEP дар аввал барои 12 моҳ, аз ҷумла муҳлати озмоишии се (3) моҳа, бо имкони тамдид вобаста ба натиҷаҳои фаъолият ва эҳтиёҷоти Лоиҳа баста мешавад. Давомнокии умумии Лоиҳа то моҳи апрели соли 2029 мебошад. Мутахассиси интихобшуда инчунин дар доираи Лоиҳаи FINGROW Tajikistan бо усули интихоби мустақим тибқи шартномаи алоҳида ҷалб карда мешавад ва музди меҳнати ӯ ба андозаи 30 фоизи музди меҳнати моҳонаи тасдиқшуда барои вазифаи мазкур муқаррар мегардад. Шартнома дар доираи FINGROW то 31 декабри соли 2026 баста мешавад; тамдиди он аз натиҷаҳои қаноатбахши фаъолият, эҳтиёҷоти Лоиҳа, мавҷудияти маблағгузорӣ ва тасдиқи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

      Супориши техникии муфассал (ToR) барои ин вазифа аз тариқи истиноди зерин дастрас аст: https://docs.google.com/document/d/1eUMHkYa70EqGMhCKPzGRR53qQ6668aVKz1lARYS_QQE/edit?usp=sharing

      Бо ин васила, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони воқеии ҳавасманд («Мушовирон»)-ро даъват менамояд, то ҳавасмандии худро ҷиҳати расонидани ин хизматрасониҳо изҳор намоянд. Мушовирони ҳавасманд бояд маълумоти тасдиқкунандаи мавҷудияти тахассуси зарурӣ ва таҷрибаи дахлдор барои иҷрои ин хизматрасониҳоро, аз ҷумла резюмеи навшудаи (CV) тавсифи таҷрибаи иҷрои супоришҳои монанд ва номаи кӯтоҳи ҳамроҳ пешниҳод намоянд.

      Меъёрҳои интихоби Мушовир:

      Маълумот

      • Дорои маълумоти олӣ дар соҳаи молия, баҳисобгирии муҳосибӣ, иқтисод ё соҳаи марбута;

      Таҷрибаи корӣ

      • На камтар аз панҷ (5) соли таҷрибаи дахлдори касбӣ дар соҳаи идоракунии молиявӣ ё баҳисобгирии муҳосибӣ;
      • На камтар аз се (3) соли таҷрибаи корӣ дар лоиҳаҳои маблағгузоришаванда аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ё дигар муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ҳатмист;
      • Таҷриба, дониш ва малакаҳои исботшуда дар татбиқи Стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии муҳосибӣ дар бахши давлатӣ (IPSAS) тибқи усули кассавӣ барои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ;

      Малакаҳои забонӣ

      • Донистани озоди забонҳои русӣ ва тоҷикӣ ҳатмист;
      • Дониши кории забони англисӣ ҳатмист.

       Диққати Мушовирони ҳавасмандро ба бандҳои 3.14, 3.16 ва 3.17-и «Қоидаҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба харидҳо барои қарзгирони ИФП» (Procurement Regulations for IPF Borrowers) аз сентябри соли 2025 (минбаъд - «Қоидаҳо»), ки сиёсати Бонки ҷаҳонӣ оид ба ихтилофи манфиатҳоро муқаррар менамоянд, ҷалб менамоем.

      Мушовир мутобиқи усули интихоби мушовирони инфиродӣ, ки дар Қоидаҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба харидҳо муқаррар шудааст, интихоб карда мешавад.

      Маълумоти иловагӣ метавонад дар суроғаи зерин дар соатҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00 бо вақти маҳаллӣ дастрас карда шавад.

      Изҳори ҳавасмандӣ, аз ҷумла резюме (CV) ва номаи ҳамроҳ, метавонанд ба забонҳои англисӣ, русӣ ё тоҷикӣ пешниҳод карда шаванд ва бояд ба суроғаи электронии зерин на дертар аз соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ 12 августи соли 2026.

      Ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи номзадҳо бояд тахассус, таҷрибаи касбии дахлдор ва қобилияти онҳоро барои иҷрои супориши мазкур пурра инъикос намоянд. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда, аз ҷумла резюме (CV) ва номаи ҳамроҳ, бояд мухтасар буда, дар маҷмӯъ аз даҳ (10) саҳифа зиёд набошанд.

      Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва

      идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодии занони Тоҷикистон (TWEEP)

      Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40

      Почтаи электронӣ: mahmadaliev.proc@gmail.com

      Нусха: khurshedai_qodir@mail.ru

      Нусха: orzuahmadzoda1979@gmail.com


      03.08.2026
      102
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО