Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодии занони Тоҷикистон (TWEEP)
Рақами грант: TF-D1600
Вазифа: Тарҷумони лоиҳа
Рақами истинод: TWEEP-CS-IC-07
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ барои омодасозӣ ва татбиқи Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодии занон дар Тоҷикистон (TWEEP) гирифтааст ва ният дорад қисми ин маблағҳоро барои хизматрасонии мушовири инфиродӣ равона созад.
Вазифа аз пешниҳоди хизматрасониҳои босифати тарҷумаи хаттӣ, таҳрир, таҳрири ниҳоӣ ва тарҷумаи шифоҳӣ барои TWEEP иборат буда, дақиқӣ, равшанӣ, пайдарпайӣ ва дастрасии ҳуҷҷатҳо ва муоширати лоиҳаро ба забонҳои англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ таъмин менамояд. Тарҷумони лоиҳа ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, мукотиба, ҳисоботҳо, супоришҳои техникӣ, дастурҳо, муаррифиҳо, маводи омӯзишӣ, сабтҳои ҷаласаҳо ва дигар маводро байни забонҳои англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ тарҷума менамояд; дар ҷаласаҳо, семинарҳо, машваратҳо, тренингҳо, сафарҳои саҳроӣ ва миссияҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба дастгирии татбиқ тарҷумаи пайдарпайи шифоҳиро таъмин менамояд; ҳуҷҷатҳоро таҳрир ва таҳрири ниҳоӣ мекунад; истилоҳоти ягонаи лоиҳавиро нигоҳ медорад; дар омодасозӣ ва шаклбандии мукотибаи расмӣ ва ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ мусоидат мекунад; инчунин бойгонии электронии муназзами ҳуҷҷатҳои тарҷумашуда ва луғати лоиҳавии истилоҳот ва ихтисораҳои асосиро нигоҳ медорад. Тарҷумони лоиҳа ба таври пурра дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, дар ҳолати зарурӣ ба объектҳои минтақавии лоиҳа (ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ) сафарҳои корӣ анҷом медиҳад. Мӯҳлати шартнома аввал 12 моҳ, аз ҷумла мӯҳлати озмоишии се (3) моҳа, бо имкони тамдид вобаста ба натиҷаҳои фаъолият ва эҳтиёҷоти лоиҳа мебошад. Давомнокии умумии лоиҳа то моҳи апрели соли 2029 мебошад.
Супориши техникии муфассал (ToR) барои ин вазифа аз тариқи истиноди зерин дастрас аст: https://docs.google.com/document/d/1pWhEN-VywVghjekZsfBWvcSWeCeamZb5ulGLIULKJEw/edit?usp=sharing
Бо ин васила, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони воқеии дахлдор («Мушовирон»)-ро даъват менамояд, то ҳавасмандии худро ҷиҳати расонидани ин хизматрасониҳо изҳор намоянд. Мушовирони ҳавасманд бояд маълумоти тасдиқкунандаи мавҷудияти тахассуси зарурӣ ва таҷрибаи дахлдор барои иҷрои ин хизматрасониҳоро, аз ҷумла маълумотномаи навшудаи (CV) тавсифи таҷрибаи иҷрои супоришҳои монанд ва номаи кӯтоҳи ҳамроҳ пешниҳод намоянд.
Меъёрҳои интихоби Мушовир:
Маълумот
- Дорои маълумоти олӣ дар соҳаи тарҷума, забоншиносӣ, забонҳои хориҷӣ, филология ё соҳаи марбута;
Таҷрибаи корӣ
- На камтар аз панҷ (5) соли таҷрибаи касбии дахлдор дар тарҷумаи хаттӣ, таҳрир, таҳрири ниҳоӣ ва тарҷумаи шифоҳӣ;
- Қобилияти тасдиқшудаи тарҷумаи дақиқи ҳуҷҷатҳои техникӣ, маъмурӣ, ҳуқуқӣ, молиявӣ ва марбут ба рушд дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ;
- Таҷрибаи кор бо муассисаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои маблағгузоришаванда аз ҷониби донорҳо ё муассисаҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои маблағгузоришаванда аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, хеле матлуб аст;
Малакаҳои махсуси шахсӣ ва муоширатӣ
- Малакаҳои қавии ташкилӣ, муоширатӣ, компютерӣ ва шаклбандии ҳуҷҷатҳо, бо таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ҷузъиёт ва риояи махфият;
- Донистани пурраи касбии забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, аз ҷумла малакаҳои аълои хаттӣ ва шифоҳӣ дар ҳар се забон.
Диққати Мушовирони шавқмандро ба бандҳои 3.14, 3.16 ва 3.17-и «Қоидаҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба харидҳо барои қарзгирони ИФП» (Procurement Regulations for IPF Borrowers) аз сентябри соли 2025 (минбаъд - «Қоидаҳо»), ки сиёсати Бонки ҷаҳонӣ оид ба ихтилофи манфиатҳоро муқаррар менамоянд, ҷалб менамоем.
Мушовир мутобиқи усули интихоби мушовирони инфиродӣ, ки дар Қоидаҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба харидҳо муқаррар шудааст, интихоб карда мешавад.
Маълумоти иловагӣ метавонад дар суроғаи зерин дар соатҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00 бо вақти маҳаллӣ дастрас карда шавад.
Изҳори шавқмандӣ, аз ҷумла резюме (CV) ва номаи ҳамроҳ, метавонанд ба забонҳои англисӣ, русӣ ё тоҷикӣ пешниҳод карда шаванд ва бояд то соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ санаи 24 июли соли 2026 ба суроғаи электронии зерин фиристода шаванд.
Ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи номзадҳо бояд тахассус, таҷрибаи касбии дахлдор ва қобилияти онҳоро барои иҷрои супориши мазкур пурра инъикос намоянд. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда, аз ҷумла резюме (CV) ва номаи ҳамроҳ, бояд мухтасар буда, дар маҷмӯъ аз даҳ (10) саҳифа зиёд набошанд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва
идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодиёти занон дар Тоҷикистон (TWEEP)
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40
Почтаи электронӣ: mahmadaliev.proc@gmail.com
Нусха: khurshedai_qodir@mail.ru
Нусха: orzuahmadzoda1979@gmail.com

Русский
English
67