Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Душанбе

      Имрӯз, дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид, ки дар он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров иштирок ва суханронӣ намуданд.

      Дар кори форум ҳайатҳои расмии сатҳи баланд, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳои марбута, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин доираҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорони хусусӣ аз ҳар ду ҷониб иштирок намуданд.

      Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аҳаммияти рушди ҳамкориҳои иқтисодии дуҷонибаро таъкид намуда, баргузории чунин форумҳоро заминаи муҳими таҳкими эътимод ва робитаҳои мутақобилан судманди ду давлат арзёбӣ намуданд.

      Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дорои потенсиали бузурги ҳамгироӣ буда, имкониятҳои мавҷуда бояд бо роҳу усулҳои муассир ва мутамарказ амалӣ гарданд.

      Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров Форуми мазкурро ҳамчун як платформаи муҳими муколама ва ҳамкории мустақим миёни доираҳои соҳибкорӣ ва ҳукумати ҳар ду кишвар арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки он барои таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва тақвияти иқтидори иқтисодии минтақавӣ нақши муассир хоҳад дошт.

      Форуми мазкур ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои зерин равона гардид:

      • Рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузориҳои мутақобила;
      • Ташвиқи ҳамкориҳо дар бахшҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва логистика;
      • Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, кишоварзӣ ва комплекси агросаноатӣ;
      • Афзоиши ҳаҷми содироту воридот ва диверсификатсияи маҳсулоти тиҷоратӣ.

      Дар доираи форум натиҷаҳои зерин ба даст омаданд:

      • Имзои як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум миёни субъектҳои хоҷагидорӣ ва мақомоти марбута оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ;
      • Баррасии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои инфрасохтори энергетикӣ, нақлиёт ва саноати сабук;
      • Вохӯриҳои дуҷониба дар сиғаи (B2G) байни соҳибкор ва мақомоти давлатӣ ва (B2B) миёни намояндагони бахши хусусии ҳарду давлат;
      • Дар оянда ташкил намудани намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ аз ҳар ду кишвар;
      • Таъсиси механизмҳои ҳамоҳангсозии ҳамкориҳо миёни доираҳои соҳибкорӣ ва мақомоти давлатӣ барои таъмини ҳамкориҳои устувор ва дарозмуддат.

               Дар ҳошияи Форум доираҳои соҳибкорию сармоягузории Қирғизистон инчунин аз корхонаҳои саноатӣ, содиркунандагони маҳсулот ва ширкатҳои бахши сайёҳии Тоҷикистон дидан намуда, самтҳои минбаъдаи ҳамкориро баррасӣ намуданд.

      Форуми мазкур дар фазои дӯстона, бо иродаи қавии сиёсӣ ва ҳадафи рушди устувори ҳамкориҳои иқтисодӣ доир гардид.

       

      АКСҲО:

      08.07.2025
      101
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО