Душанбе, 24 июли соли 2025. Имрӯз, дар ҳошияи нахустин Форуми сармоягузории Тоҷикистону Муғулистон мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо муовини Сарвазири Муғулистон Сайнбуян Амарсайхан баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои калидии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, густариши сармоягузориҳои мутақобила ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода, зарурати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷударо таъкид намуданд.
Ҷонибҳо иродаи муштараки худро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар рӯҳияи эътимод ва манфиатҳои муштарак тасдиқ намуда, таъкид карданд, ки тавассути ҳамоҳангсозии иқдомҳои муштарак метавонанд пояҳои ҳамкориҳои устувор ва самарабахшро барои оянда гузоранд.