26-уми июн | шаҳри Душанбе
Имрӯз, дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо сухани табрикотӣ баромад намуда, иброз дошт, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин ва сарнавиштсозтарин дастоварди таърихи давлатдории навини тоҷикон, рамзи сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва ягонагии миллат маҳсуб ёфта, маҳз бо талошҳои пайгирона, иродаи қавии сиёсӣ, ҷоннисориҳо ва хиради волои давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон аз хатари парокандагӣ раҳо ёфта, ба сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа ноил гардид.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвар, ташаббускор ва пешбарандаи иқдомҳои муҳими байналмилалӣ эътироф гардида, нуфузу эътибори он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ сол ба сол афзоиш меёбад.
Ҳамзамон, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 25-уми июни соли равон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, далели равшани эътирофи ҷаҳонии сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон буда, боиси ифтихору сарфарозӣ ва фараҳмандии тамоми мардуми кишвар мебошад.
Ин иқдоми таърихӣ бори дигар нақши пешсафи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ, таҳкими сулҳу суботи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамгироии созандаи кишварҳо собит намуд.
Дар шароите, ки имрӯз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон миллионҳо нафар бар асари низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои муосир бо мушкилоту хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мебошанд, ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат аз масъулияти баланди байналмилалӣ, сиёсати сулҳпарварона ва нақши созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар таҳкими сулҳу амнияти ҷаҳонӣ шаҳодат дода, бозгӯи рисолати таърихии миллати тоҷик ҳамчун миллати сулҳофар, ваҳдатгустар ва ҷонибдори муколамаи тамаддунҳо дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар идомаи ҳамоиш арбоби шинохтаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ Рафиқа Мусоева оид ба аҳаммияти таърихии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, нақши сулҳи тоҷикон дар таҳкими давлатдорӣ ва саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот суханронӣ намуда, иброз намуд, ки ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, маҳз дар фазои сулҳу оромӣ имкониятҳои рушди иқтисодӣ, ҷалби сармоя, пешрафти соҳибкорӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум таъмин мегарданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ омодагии худро ҷиҳати татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлат, ҳифз ва таҳкими арзишҳои муқаддаси Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, инчунин саҳмгузории содиқона дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, ободонӣ ва шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.

Русский
English
265