ТАМОС БО МО
Бо мақсади ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар давоми солҳои 2020, 2021 ва семоҳаи аввали 2022 як қатор ҳамоишҳои иқтисодӣ чорабиниҳои самти соҳибкорӣ баргузор карда шудаанд. Аз он ҷумла:
Дар соли 2020:
- Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон (29.03.2020, шаҳри Душанбе);
- Ҷаласаи 6-уми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт (02.10.2020, ноҳияи Рашт);
- Мизи мудаввар дар мавзӯи «Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ асоси пешрафти иқтисодиёт» (16.10.2020, шаҳри Душанбе);
- Мизи мудаввар дар мавзӯи «Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ асоси пешрафти иқтисодиёт» (16.10.2020, шаҳри Душанбе);
Дар соли 2021:
- Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон (16.03.2021, шаҳри Душанбе);
- Форуми соҳибкории Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон (06.04.2021, шаҳри Душанбе);
- Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ таҳти унвони «Рушди соҳибкории иноватсионӣ» (27.04.2021, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд);
- Форуми байниминтақавии сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон (09.06.2021, шаҳри Бохтари вилояти Хатлон);
- Мизи мудаввар дар мавзӯи «Сармоягузорӣ барои оянда: имкониятҳои рушди соҳибкории инноватсионӣ дар Тоҷикистон» (22.06.2021, шаҳри Душанбе);
- Мизи мудаввар дар мавзӯи “Пешвои миллат ва ҳадафҳои рушди устувори соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон” (07.07.2021, шаҳри Душанбе);
- Мизи мудаввар дар мавзӯи «Воситаҳо барои васеъ намудани дастрасии молиявӣ соҳибкорон, занон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд” (29.07.2021);
- Намоишгоҳи маҳсулотҳои миллии истеҳсоли кишварҳои минтақа дар Минтақаи милии сайёҳии “Аваза” (6-7.08.2021, шаҳри Туркменбошии Ҷумҳурии Туркманистон);
- Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон (16.09.2021, шаҳри Душанбе);
- Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия (13.10.2021, шаҳри Душанбе);
- Форуми байналмилалии сармоягузорӣ “Душанбе-Инвест 2021” (14.10. 2021, шаҳри Душанбе);
- Форуми минтақавии соҳибкории Рашт — 2021 таҳти унвони «Рушди соҳибкории агросаноатӣ» ва ҷаласаи 7-уми Шурои соҳибкорию сармоягузорӣ дар водии Рашт (02.11.2021, ноҳияи Рашт);
- Форуми соҳибкории G5 дар “Кохи Суруш” бо иштироки 700 нафар соҳибкорону сармоягузорон (06.11.2021, шаҳри Душанбе);
- Форуми соҳибкорзанон таҳти унвони “Воситаҳои муосири рушди соҳибкории занон” ва Намоиши молу маҳсулоти занони соҳибкор (19.11.2021, Душанбе);
- Мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҷанбаҳои молявии рушди соҳибкорӣ ва стартап экосистема” дар Тоҷикистон (10.12.2021, шаҳри Душанбе);
- Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистону Аморати Муттаҳидаи Араб (22.12.2021, шаҳри Дубай);
- Форуми минтақавии соҳибкории Хатлон—2021 таҳти унвони «Саноат ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолӣ”» (28.12.2021, шаҳри Кӯлоб).
Дар соли 2022 (семоҳаи аввал):
- Мизи мудаввар оид ба рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон (02.02.2022, шаҳри Душанбе);
- Анҷумани соҳибкорони Точикистону Миср (10.03.2022, Ҷумҳурии Арабии Миср, шаҳри Қоҳира);
- Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Чин тариқи маҷозӣ (11.03.2022, шаҳри Душанбе);
- Мизи мудаввар таҳти унвони “Ҷанбаҳои ҳуқуқии муайянсозии мафҳуми соҳибкории бонувон дар таҷрибаи байналмилалӣ” (31.03.2022, шаҳри Душанбе);