Тафсири лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ татбиқ карда мешаванд

0
887
Ҷалби маблағҳои беруна - қисми муҳими рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор меравад. Танҳо тӯли 10 соли охир ба мамлакат, зиёда аз 2,2 млрд. доллари ИМА тариқи карзҳо, грантҳо ва кӯмаки техникӣ ворид шудааст.

Танҳо барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар чаҳорчубаи Портфели сармоягузории давлатӣ, зиёда аз 502,8 млн. доллари ИМА ҷудо гардида, аз худ карда шудааст. Дар назар аст, ки барои ин мақсадҳо дар солҳои наздиқ боз 300 млн. равона карда шавад. Истифодабарии роҳҳои автомобилгарди аз нав таъмиршудаи «Душанбе – Қурғонтеппа- Данғара- Кӯлоб», «Шоҳон - Зиғар», «Дӯстӣ – Панҷи поён» тариқи коҳиш ёфтани хароҷотҳои нақлиётӣ, афзоиши гардиши моли байнидавлатҳо ва дастгирии рушди бахши хусусӣ самаранокии иқтисодии худро аллакай исбот намудаанд. То ба охири соли 2012 бо дарназардошти ба итмом расидани тамоми лоиҳаҳои оғозгардидаи бақароркунии инфрасохтори нақлиётӣ, Тоҷикистон ба пуррагӣ стратегии худро ҷиҳати баромадан ба роҳҳои нақлиётии бозори ҷаҳонӣ татбиқ хоҳад кард. Дар назар аст, ки танҳо аз ҳисоби гардиши мол бо давлатҳои Хитой, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Узбекистон боркашонии мол 6 маротиба меафзояд.

Барои рушди бахши энергетикӣ дар доираи Портфели сармоягузориҳои давлатӣ зиёда аз 472,2 млн. доллари ИМА аз худ карда шудааст, ки барои барқароркунии иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ, сохтмони иқтидорҳои нав, инчунин сохтмони хатҳои интиқоли барқ равона шудааст. Татбиқи лоиҳаҳои бузург ба монанди «Сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол» ва «Сохтмони хати интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор - Хатлон» ба итмом расидаанд. Як қатор дигар лоиҳаҳои энергетикӣ дар сатҳи анҷомёбӣ қарор доранд.

Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон дорои харидорони потенсиалии хориҷӣ мебошад ва дар ин самт сохтмони хатҳои интиқоли барқии байнидавлатӣ амалӣ гашта истодааст. Бо дарназардошти ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар солҳои наздик Тоҷикистон метавонад ба содиркунандаи пешбари кувваи барқ дар минтақа мубаддал гардад.
 
Тавсифи мухтасари лоиҳаҳои сармоягузорӣ
Айни замон, дар баррасии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёда аз 200 лоиҳаҳои сармоягузорӣ қарор доранд. Дар маҳзани иттилоотии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ тақрибан 40 лоиҳа бо маблағи умумии 8 млрд. доллари ИМА ворид шудаанд. Аз ҷумла:

(Тибқи манбаъи иттилотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ)