Оид ба баргузории Намоишгоҳи байналмилалии “Import Goods Fair-2022”

0
201


Ба таваҷҷӯҳ ва иттилои ширкатҳо, сармоягузорон ва соҳибкорони ватанӣ расонида мешавад, ки рӯзҳои 23-25 июни соли 2022 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея баргузории Намоишгоҳи байналмилалии “Import Goods Fair-2022”, ки дар кори он иштироки зиёда аз 200 ширкатҳои мухталиф аз кишварҳои ҷаҳон дар назар аст. 

Намоишгоҳи мазкур барои корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон ҷиҳати содир намудани молҳои худ ба Ҷумҳурии Корея шароити хуб фароҳам оварда, ҳамзамон барои пайдо кардани шарикони тиҷоратӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои соҳавӣ мусоидат менамояд.

         Котиботи чорабинӣ дар сурати ҳавасмандии иштироки доираҳои кории Тоҷикистон дар ин Намоишгоҳ, омода астба таври ройгон ва бо таҳфифҳои назаррас гӯша бо ҳаҷми 4*3 метри мураббаъ пешниҳод намояд.