Иштирок дар 5-умин чорабинии гуфтушунидҳои тиҷоратии дуҷониба

0
63

Ба диққати соҳибкорони ватанӣ расонида мешавад, ки санаи 25 августи соли 2022 аз ҷониби Палатаи савдои Коҷаэли Туркия ва Маркази тиҷоратии аврупоӣ дар шарқи Мармара 5–умин чорабинии гуфтушунидҳои тиҷоратии дуҷонибаи, “CO-MATCHING ба таври маҷозӣ баргузор мегардад.

Тибқи иттилои дастрасшуда, дар чорабинии мазкур намояндагони ширкатҳои зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамоянд.

Аз соҳибкорон ва ширкатҳои ватании ҳавасманд, хоҳиш ба амал оварда мешавад, ки то санаи 23 августи соли 2022 дар вебсайт расмии чорабинӣ http://co-matchimg-2022.b2match.io/ худро ба қайд гиранд.