Дар бораи дар таҳрири нав таҳия намудани лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
42
Соҳибкорон ва сармоягузорони гиромӣ!
Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019 дар бораи дар таҳрири нав таҳия намудани лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони бахши хусусӣ, сармоягузорон, шарикони рушд, коршиносони соҳавӣ, байналмилалӣ ва дигар ашхоси ҳавасманд таъсис дода шудааст.
Бо мақсади таҳияи лоиҳаи мукаммали Кодекси андоз аз ҳар як соҳибкор ва сармоягузор эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки таклифҳои худро ба таври хаттӣ ба суроғаи Шотемур 27 бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таври электронӣ ба саҳифаи асосии сомонаи Кумита www.investcom.tj (нигаред) метавонед пешниҳод намоед. Муҳлати пешниход то 1 сентябри соли 2019.