Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон мекунад.

0
144
Рӯйхати мансабҳои
холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Кумитаи давлатии
сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номгӯи
мансабҳои холӣ
Талаботи тахассусӣМузди меҳнат
1.Сармутахассиси Раёсати дастгирии соҳибкорӣОлии иқтисодӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ1200
сомонӣ
2.Сармутахассиси Раёсати пешбурди низоми иҷозатдиҳӣ ва мониторинги санҷишҳоОлии иқтисодӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ, ҳуқуқшинос ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ1200
сомонӣ
3.Сармутахассиси шуъбаи молия ва хоҷагӣ Олии иқтисодӣ, бухгалтерӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ1200
сомонӣ
4.Сармутахассиси шуъбаи умумӣ ва назоратОлии иқтисодӣ, филологӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ1200
сомонӣ
5.Мутахассиси пешбари Раёсати пешбурди фаъолияти сармоягузорӣОлии иқтисодӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ978
сомонӣ
6.Мутахассиси пешбари шуъбаи дороиҳои давлатии Раёсати хусусигардонӣ ва дороиҳои давлатӣОлии иқтисодӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва мутахассисони касбии дорои қобилияти кор бо технологияҳои муосири электронӣ978
сомонӣ
7.Мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти   ҳуқуқӣҲуқуқшинос, дорои қобилияти кор бо тохехнологияияҳои муосири электронӣ 978
сомонӣ
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони Раиси Кумита;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- тарҷумаи ҳол; 
- 4 дона расм (2 дона 4х6, 2 дона 3х4);
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- нусхаи шиноснома;
- нусҳаи гувоҳномаи рақами  мушаххаси андозсупоранда;
- нусхаи СИН;
- маълумотномаи доғи судӣ
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи дафтарчаи ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро  адо   намудаанд);
- маълумотнома (объективка) аз ҷойи кор.
Барои ишғоли мансабҳои сармутахассис таҳсилоти олии касбӣ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, мутахассиси пешбар, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ муқаррар  карда шудааст.
            Малакаи хуби муошират бо  аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ  ва барои ишғоли мансабҳои соҳаи  сармоягузорӣ донистани забони хориҷӣ ҳатмист.
            Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Шотемур-27, Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсусии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳуҷраи 29, 30). 
Телефонҳо барои тамос: 221-73-36, 221- 47-68 
Маълумоти мукаммал дар сомонаи расмии Кумита www.investcom.tj ҷойгир карда шудааст.