Эълонҳо барои ҷои кори холӣ

0
1 569


ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ  



Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (ВММША) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лоиҳаи "Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ" (БМКИБ)

ВММША Агентии иҷроия (АИ) лоиҳа буда, барои татбиқи лоиҳа Гурӯҳи идоракунии лоиҳа (ГИЛ) таъсис дода мешавад, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд (БОР) маблағгузорӣ карда мешавад.


Дар доираи лоиҳа Менеҷери ГИЛ интихоб ва таъин карда мешавад.


Менеҷери ГИЛ бояд назорати банақшагирӣ, татбиқ ва мониторинги лоиҳаро мувофиқи сиесат, шартҳо ва қоидаҳои асосии БОР ба роҳ монад.


Ҳадди ақали меъерҳои тахассусӣ:

Менеҷери ГИЛ бояд ҳадди ақал панҷ сол таҷрибаи кории дахлдорро вобаста ба таҳияи ҳуҷҷатҳои меъерӣ ва идораи ҳайати кормандон дошта, ҳисоботҳоро тибқи қоидаҳо ва меъёрҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БОР таҳия карда тавонад. Таҷрибаи корӣ дар лоиҳаҳои аз тарафи шарикони рушд маблағгузоришаванда ҳатмӣ мебошад. Таҷрибаи идоракунии лоиҳаи аз тарафи шарикони рушд маблағгузоришаванда бартарӣ ҳисобида мешавад. Менеҷери ГИЛ бояд хатмкардаи донишгоҳи бонуфуз ва дорандаи дипломи олӣ дар соҳаи илм ва маориф, илмҳои иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои дахлдор бошад. Донистани забони англисӣ ҳатмист.


Ба ӯҳдадорӣ ва вазифаҳои Менеҷери ГИЛ дохил мешаванд:


Банақшагирӣ:

(i) Таҳияи нақшаи муфассали корӣ барои татбиқи бомуваффақият ва ба анҷом расонидани лоиҳа тибқи дастурамали идоракунии лоиҳа (ДИЛ).

(ii) Ҷудо намудани захираҳо (вақт, маблағ, таҷҳизот), ки барои татбиқи лоиҳа зарур мебошанд.

(iii) Таҳияи ҷадвали татбиқи лоиҳа барои ба таври самаранок тақсим намудани воситаҳо/маблағҳо вобаста ба ҳар як чорабинӣ дар доираи лоиҳа.

(iv) Гузаронидани шарҳи ҷадвали татбиқи лоиҳа бо роҳбарон ва дигар кормандони ГИЛ, ки дар амалигардонии лоиҳа ширкат меварзанд; таҷдиди ҷадвал вобаста ба зарурат.


Интихоби ҳайати кормандон:

(i) Дар машварат бо роҳбарияти ВММША гузаронидани мусоҳиба ва интихоб намудани кормандони дорои малакаҳои дахлдор барои амалӣ намудани лоиҳа.

(ii) Идоракунии ҳайати кормандони лоиҳа мутобиқи сиёсат ва амалияи идоракунии муқарраргардида.

(iii) Бурдани ҳисобот ва таъмини махфияти делаҳои шахсии кормандон.

(iv) Таъмин намудани кормандон бо дастурҳои зарурӣ дар рафти татбиқи лоиҳа.

(v) Бастани қарордодҳо ва амалӣ намудани назорати фаъолияти мушовирон ва пудратчиён вобаста ба зарурат.


Татбиқ:

(i) Иҷроиши лоиҳа мутобиқи нақшаи лоиҳа.

(ii) Таҳияи шаклҳои ҳисоботҳо барои ҳуҷҷатнигории фаъолияти лоиҳа.

(iii) Мониторинги рафти татбиқи лоиҳа ва ворид намудани тағйиротҳои зарурӣ барои таъмини анҷоми бомуваффақи лоиҳа.

(iv) Таҳияи ҷадвали мубодилаи иттилоот оид ба рафти татбиқи лоиҳа бо тарафҳои манфиатдор, аз ҷумла кормандони дахлдори ГИЛ.

(v) Мунтазам ва дар якҷоягӣ бо кормандони ГИЛ гузаронидани санҷиши сифати корҳои иҷрошуда барои таъмини меъерҳои иҷроиши лоиҳа.


Назорат:

(i) Омода намудани ҳисоботҳо оид ба татбиқи лоиҳа барои вазир, гурӯҳи роҳбарикунандаи байниидоравӣ ва БОР. 

(ii) Таъмин намудани алоқа бо БОР, тавре ки дар созишномаҳои молиявӣ пешбинӣ шудааст.

(iii) Назорат ва тасдиқ намудани ҳамаи хароҷотҳои лоиҳа, ки дар буҷет пешбинӣ гардидаанд.

(iv) Назорати дурнамои хароҷоти маблағҳои пулӣ ва пешниҳоди маълумот оид ба хароҷоти воқеии маблағҳо ба вазир ва БОР ба таври мунтазам ва аз рӯи зарурат.

(v) Идора кардани ҳамаи воситаҳои молиявии лоиҳа мутобиқи сиёсат ва расмиёти муқарраргардида.

(vi) Таъмин намудани мубрамии ҳамаи ҳисоботи молиявии лоиҳа.

(vii) Тафтиши ҳисоботҳои молиявӣ ва ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои пешниҳод ба ВММША, вазорати молия ва БОР вобаста ба зарурат.


Арзебӣ:

(i) Таъмини саривақт ва сифатноки натиҷаҳои лоиҳа аз руйи қисматҳо ва дар доираи буҷет.

(ii) Арзёбии фосилавӣ ва ниҳоии натиҷаҳои лоиҳа, ки дар ДИЛ дарҷ гардидаанд.




Мӯҳлати вазифа:

Мӯҳлати вазифа тақрибан 72 одам-моҳро дар бар гирифта, аз 4-ум семоҳаи соли 2020 дар дафтари кории ГИЛ дар ш. Душанбе, Тоҷикистон оғоз мегардад.


Довталабон барои иштирок дар озмун бояд маҷмӯи ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:


  • Ариза ба номи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули ҳуҷҷатҳо
  • Маълумотнома (CV) бо забонҳои русӣ ва англисӣ, дар шакли тасдиқгардидаи БОР. Шакли Маълумотномаро аз суроғаи зерин дастрас намоед: http://mehnat.tj/mehnat/cv_blank.doc 
  • Тавсияномаҳо бо зикри маълумот (телефон, е-mail) дар бораи шахсони тавсиядиҳанда
  • Нусхаи диплом дар бораи маълумоти олӣ
  • Нусхаи шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти иловагӣ ё иштирок дар семинарҳо ва омӯзишҳо 
  • Нусхаи шиноснома (ҷойи бақайдгирӣ, РМА)

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳоро дар лифофаи пӯшида бо зикри вазифаи эълоншуда ва ному насаб ба суроғаи: шаҳри Душанбе, к. А. Навои, 5/2, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошенаи 2, қабулгоҳи Вазир ё дар шакли электронӣ дар формати MS WORD е Adobe PDF ба суроғаи электронии: vazoratimehnat@gmail.com пешниҳод намоянд.      

Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 236 11 59 аз 8:00 то 17:00.


Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 9 октябри соли 2020, то 16:00.