Баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Маҷористон

0
116

Санаи 7 апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон ҷаноби Петер Сийярто ба Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Маҷористон ташкил карда шуд.

Дар Форуми мазкур, ки ба сатҳи нав баровардани ҳамгироии кишварҳо мусоидат менамояд, беш аз 50 нафар, аз ҷумла роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилоти давлатӣ   ва сармоягузорон иштирок намуданд.

Дар ин раванд иштирокчиён вобаста ба фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, кишоварзӣ, хӯрокворӣ, фармасевтӣ ва дигар соҳаҳо маълумот дарёфт намуда, ҷиҳати роҳандозӣ ва тавсеа коршарикӣ бо ҳамтоёни тоҷикистонӣ изҳори ҳавасмандӣ зоҳир карданд.

Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар сиғаи “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, дар он бахши хусусии мамлакат бо ҳамтоёни худ суҳбати озоду самарабахш анҷом доданд.

Дар маҷмӯъ, чорабинии мазкур дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардид.