Мулоқот бо сармоягузорони шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия

0
156

Санаи 12 апрели соли 2021 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Роҳбарияти Кумита бо ҳайати иқтисодии шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ба меҳмонон рӯнамо дар мавзӯи "Имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва “Портали интерактивии соҳибкор бо соҳибкор (B2B)” пешниҳод гардид.

Дар ин раванд иштирокчиён вобаста ба фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, кишоварзӣ, IT ва дигар соҳаҳо маълумот дарёфт намуда, ҷиҳати роҳандозӣ ва тавсеа коршарикӣ бо ҳамтоёни тоҷикистонӣ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак  ва содироти молу маҳсулоти ба кишвари сеюм изҳори ҳавасмандӣ зоҳир карданд.

Ҷониби Россия дар бораи фаъолияти ширкатҳои хеш ва қадамҳои минбаъда оид ба татбиқи иқтидори сармоягузории кишварҳо изҳори назар намуд.

Дар маҷмуъ, чорабинии мазкур дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мубоҳисаи хубу доманадор барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ сурат гирифт.