Вохӯрӣ бо ҳайати намояндагони гуруҳи ширкатҳои “Serba Dinamik Holding Berhad”-и Малайзия

0
119

Санаи 13 апрели соли 2021 вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод бо муассис ва мудири иҷроияи гуруҳи ширкатҳои “Serba Dinamik Holding Berhad”-и Малайзия ҷаноби Моҳд Абдул Карим бин Абдулло баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ аз ҷониби раиси Кумита қайд гардид, ки дар Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт ва фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал фароҳам оварда шудааст.

Ҷониби малайзӣ дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои кушод, дӯстона ва созанда гузашт, ҳавасмандии худро дар самти ташкили платформаи савдои электронӣ, технологияҳои итттилоотӣ ва ҷорӣ намудани инноватсия, бунёди нерӯгоҳҳои барқию обӣ ва таъсиси маркази логистикӣ барои содироти молу маҳсулот иброз намуд.

Маврид ба зикр аст, ки гуруҳи ширкатҳои «Serba Dinamik Holding Berhad»-и Малайзия яке аз ширкатҳои бонуфузи Малайзия ба ҳисоб рафта, ҳоло дар 25 кишвари ҷаҳон фаъолияти худро дар самтҳои технологияи иттилоотӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ, иқтисоди рақамӣ ва ғайра ба роҳ мондааст.