Баргузории семинари омӯзишӣ ҷиҳати риояи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим

0
90

Санаи 30 апрели соли 2021 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  семинари омӯзишӣ дар мавзӯи моҳияти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир чорабинии мазкурро ифтитоҳ намуда, қайд карданд, ки бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 8 июни соли 2007, №272 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад. 

Қайд гардид, ки тибқи банди 62 Нақшаи чорабиниҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 вазорату идораҳо вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати таъмини риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар ин робита, бо мақсади тақвият бахшидани самти мазкур дар доираи талаботи қонунгузорӣ бо қарори Раиси Кумита аз 22 феврали соли 2021, №1/15 Комиссияи ҷамъиятии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим таъсис гардида, ҳайат, низомнома ва нақшаи кории он дар таҳрири нав тасдиқ карда шудааст.

Тибқи банди 10 Низомнома, Комиссияи ҷамъиятӣ бояд тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодории кормандони Кумитаро дар дафтари бақайдгирии маъракаҳои кормандон бо мақсади пешбурди ҳисоби оморӣ сабт намуда, дар як вақт дар баробари дигар вазифаҳо барои фаҳмондани талаботи қонунгузорӣ ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни коллективи меҳнатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ваколатдор шудааст. 

Вобаста ба ин, кормандони Кумитаро огоҳ намуданд, ки ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳои худ ҷиҳати бархурдор гардидани моҳияти қонунгузории мазкур ба Комиссияи ҷамъияти муроҷиат намуда, инчунин пеш аз баргузории ҷашну маросимҳои худ дар дафтари бақайдгирӣ сабти дахлдор гузоранд.

Бо дарназардошти ин ҷиҳати татбиқи босамари санадҳои меъёрии ҳуқуқии қайдгардида ва таъмини иҷрои банди дахлдори Нақшаи корӣ, Комиссияи ҷамъиятӣ тасмим гирифт, ки бо ҷалби масъулини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳиро байни кормандони Кумита вобаста ба масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросим баргузор намояд.

Сипас, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Диловар Одинабек   вобаста ба моҳияти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёриии ҳуқуқии дар ин самт қабулгардида суханронӣ намуда, дар хусуси саволҳои пешниҳоднамудаи кормандони Кумита ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа Муовини Раиси Кумита Хуршедаи Қодир, барои иштироки намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии мазкур изҳори сипос намуда, бори дигар Комиссияи ҷамъиятии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ва кормандони Кумитаро ҷиҳати назорат ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазифадор намуданд.