Баргузории семинар-машварати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ва гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун»

0
173

Санаи 20 майи соли ҷорӣ бо иштироки муовини Раиси Кумита ва   намояндагони як қатор вазорату идораҳои дахлдор ва ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ семинар-машварати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ва гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» баргузор гардид.

Ҳамзамон, дар кори маҷлис намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини Раиси Кумита Зуҳурзода Саид Холаҳмад бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, қайд намуд, ки  мақсад аз баргузории семинар-машварати имрӯза ин фаҳмондадиҳии масъалаҳои вобаста ба гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони «Неругоҳи барқи обии Роғун» мебошад.

Дар рафти ҷаласа баромади  Шарифзода Ш.С - сардори шуъбаи дороиҳои давлатии раёсати хусусигардонӣ ва дороиҳои давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Элов Ф.Ш - муовини директори Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мусаева З.М сардори шуъбаи сармоягузорӣ ва коғазҳои қиматноки ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун»шунида шуд.

Дар охир Зуҳурзода Саид Холаҳмад аз гузориши баромадкунандагон натиҷагирӣ намуда, баҳри амалӣ намудани нақшаҳои омодагӣ барои гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» баҳри расидан ба ҳадафҳои неку созанда барору комёбӣ таманно намуд.