Мулоқот бо Директори Намояндагии Бонки авруосиёгии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
107

Санаи 20 майи соли 2021 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Кумита муҳтарам Қодирзода Саъдӣ бо Роҳбари Намояндагии Бонки авруосиёии рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Николай Никулин баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот, Раиси Кумита коҳиш ёфтани ҳаҷми сармоягузорӣ дар ҷаҳонро бо сабаби хуруҷӣ бемории COVID-19 қайд карда, аз масъулини  Бонки мазкур ҷиҳати фаъолгардонии ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузории давлатӣ даъват ба амал оварданд.

Директори Намояндагии Бонк омодагии худро барои дастгирии лоиҳаҳо ва ноил шудан ба муваффақияти назаррас дар соли оянда изҳори назар намуданд.

Инчунин иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Кумита ва Бонкро барои  маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт муҳокима карданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеа ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни иқтисод изҳор намуданд.