Мулоқоти Қодирзода Саъдӣ бо Эмре Зеки Карагёл

0
222

Санаи 1 июни соли ҷорӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл мулоқот намуд.

Зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба ҷалби сармояи мустақим аз Ҷумҳурии Туркия ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамои рушди ҳамкорӣ бо доираҳои тиҷоратии ду кишвар, пешбурди савдо ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Раиси Кумита Қодирзода Саъдӣ барои иштироки доираҳои сармоягузории Ҷумҳурии Туркия дар Форуми байналмилалии «Душанбе Инвест-2021», ки нимаи якуми моҳи июли соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал овард.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро вобаста ба тавсеаи ҳамкориҳои мутақобалан судманд ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, сохтмон, саноат ва дигар самтҳои афзалиятнок иброз намуданд.