Ҳамоиш дар мавзӯи «Сармоягузорӣ барои оянда: имкониятҳои рушди соҳибкории инноватсионӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид

0
216
Санаи 22 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Сармоягузорӣ барои оянда: имкониятҳои рушди соҳибкории инноватсионӣ дар Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ доир шуд.
Дар чорабинӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Ёвари Котиби генералии СММ/ Директори Бюрои минтақавии БРСММ дар Аврупо ва ИДМ Мирҷана Сполярик Эггер, намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, шарикони рушд ва коршиносон иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ аз таҳлили имкониятҳо ва роҳҳои таъмини рушди соҳибкории инноватсионӣ, арзёбии заминаҳои мавҷуда барои тақвияти рақамикунонии фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ дар рақамикунонии иқтисодиёт, роҳандозии технологияҳои муосир дар рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон иборат буд.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар баромади худ оид ба тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи имконияту захираҳо, таъмини устувории макроиқтисодӣ, инчунин такмили қонунгузорӣ, ки ба дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ, махсусан, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ равона гардидааст, содда гардонидани расмиёти иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ ва кам кардани шумораи онҳо, тариқи электронӣ пешниҳод намудани хизматрасониҳои давлатӣ ибрози назар намуд.
Зикр гардид, ки айни замон дар раванди ҳуҷҷатгузориҳои давлатӣ, технологияҳои молиявию бонкӣ, андозу гумрук, инфрасохтори нақлиёти шаҳрӣ, тиҷорат, сохтмон, тиб ва дигар соҳаҳо ҷиҳати истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ ислоҳоти васеъ амалӣ гардида, корбарии электронӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҷорӣ гардидани низоми “Равзанаи ягона” ҷиҳати барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, инчунин механизми равзанаҳои ягона барои дастрас намудани иҷозати корҳои сохтмонӣ, пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, бақайдгирии амволи ғайриманқул ва дигар механизмҳои муосир бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ кори соҳибкоронро осон намуда, ба рушди муназзами фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат намуда истодааст.
Мирҷана Сполярик Эггер оид ба моҳияти масъалаҳои самти мазкур, имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳа ва таъмини рушди он ибрози андеша намуд.
Дигар баромадкунандагон дар мавзӯъҳои пешбурди рақамикунонӣ дар иқтисод ва тиҷорат, IT парк – яке аз омилҳои рақамисозӣ, дурнамои рушди экосистемаи стартапҳо, нақши технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар рушди иқтисоди рақамӣ, ояндаи автоматикунонии тиҷорат, тамоюлоти технологияҳои молиявӣ (FinTech) ва рақамикунонӣ дар Тоҷикистон мулоҳизот ва андешаҳои худро баён намуданд.
Дар ҷамъбаст изҳори итминон карда шуд, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, бахши хусусӣ, соҳибкорону сармоягузорон тавассути таъмини рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рақамикунонии фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҷиҳати баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани сармоягузориҳои ватаниву хориҷӣ, таъмини рақобати солим, идомаи ислоҳот дар самти бартараф намудани монеаҳои пешгирикунандаи рушди соҳибкорӣ чораҳои иловагӣ андешида мешаванд.