Ташкил ва гузаронидани шанбегӣ

0
266

Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ободонӣ, сабзу хуррамгардонӣ ва саҳмгузорӣ дар ободу зебо гардонидани пойтахти кишвар баҳри омодагӣ ҷиҳати таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд. 

Дар шанбегӣ муовини якуми раис, муовинони раис, сардорон, роҳбарон ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита фаъолона иштирок намуданд.