Вохурии маҷозӣ бо Ассотсиатсияи соҳибкорони Қатар «QIGA»

0
305

Санаи 1 июли соли 2021 бо иштироки роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо Ассотсиатсияи мустақили ҷаҳонии Қатар (QIGA)  дар шакли маҷозӣ вохурӣ баргузор карда шуд.

Дар вохурии мазкур инчунин, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қатар, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарияти ассотсиатсияи “TUYAD”, ширкати “Hedefkoc”, инчунин беш аз 10 аъзоёни ассотсиатсияи QIGA ва ғайраҳо иштирок намудаанд.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Хуршед Мирзо, оғоз намуда, бо доираи соҳибкорону сармоягузорони аъзои ассотсиатсия мулоқотҳои судманд анҷом дода шуд. 

Зимни чорабинӣ аз ҷониби масъулини Кумита барои соҳибкорону сармоягузорони Қатар рӯнамо оид ба имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, аз доираҳои соҳибкорону сармоягузорони қатари барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда шуд.

Дар маҷмӯъ, видеоконфронс дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мубоҳисаи хубу доманадор барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ сурат гирифт.