Баргузории ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли ҷорӣ

0
257

Санаи 9 июли соли 2021 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷаласаи ҳайати мушовара бо иштироки Раиси Кумита, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону масъулини сохторҳои дастгоҳи марказӣ (дар шакли ҳузурӣ) ва ташкилотҳои зертобеи Кумита, сардорони раёсату бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (дар шакли маҷозӣ) ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси Кумита оғоз намуда, иброз намуданд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба чораҳо ва имкониятҳои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар доимо талош меварзанд ва барои боз ҳам беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодии мамлакат ба роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Кумита дар баробари дигар мақомоти давлатӣ барои тақвият бахшидани фаъолияти хеш дар самти ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва низоми маблағгузории электронӣ ва фаъол гардонидани марказҳои хизматрасонӣ ба соҳибкорону сармоягузорон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид барои рақобати солими субъектҳои соҳибкорӣ ва ҷорӣ кардани расмиёти электронии баррасӣ ва пешниҳоди иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ, вазифадор гардидааст.

Зимни ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2021 ҳисоботи  муовини раиси Кумита Хуршедаи Қодир шунида шуд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа аз рафти фаъолияти кори нимсолаи якуми соли ҷорӣ сардорони раёсату бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон, инчунин  шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Ваҳдат ва сардорони воҳидҳои сохтори дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони ташкилотҳои системаи Кумита ҳисобот доданд.

Раисикунанда аз баромади ҳисоботдиҳандагон натиҷагирӣ намуда, бо назардошти дар вазъияти ғайримуқаррарӣ ва пешгӯинашаванда қарор доштани ҳолати иҷтимою иқтисодии кишварҳои ҷаҳон ва афзалиятҳои миёнамӯҳлат ва дарозмуддати рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ба сардорони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони ташкилотҳои зертобеъ ва масъулини Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар маҳалҳо вобаста ба иҷрои саривақтии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили мунтазами натиҷаҳои фаъолият, таъмини иҷрои босифати корҳо дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, анҷом додани иқдомоти зарурӣ барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва қарорҳои ҳайати мушовараи Кумита дар семоҳаи сеюми соли 2021 супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ин радиф муовини сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Муқаддасзода оид ба иҷрои саривақтӣ ва сифатноки амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби бештари сармояи мустақим ба иқтисодиёти мамлакат, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорону сармоягузорон, ҷоннок намудани механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ташаккули феҳристи ягонаи маълумот дар бораи дороиҳо ва моликияти давлатӣ, таҳияи дурусти лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳкими коргузорӣ таъкид намуд.

Сипас, ҷаласа бо назардошти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2021 ва муҳокимаи масъалаҳои баррасигашта, такмили лоиҳаи қарори ҳайатии мушовара ва пешниҳоди он ҷиҳати тасдиқ ба раиси Кумита ҷамъбаст гардид.