Вохӯрии навбатӣ бо ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои соҳибкорон дар мавзӯи “Сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи саноат”

0
129

Санаи 28 июни соли 2022 дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» баррасии масъалаҳои марбут ба тақвият бахшидан ба рушди бахши хусусӣ дар соҳаи саноат ва муайян намудани мушкилоти соҳа, инчунин мониторинги иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” вохӯрии навбатии роҳбарияти Кумита бо намояндагони ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои соҳибкорон баргузор гардид.

Вохӯриро Раиси Кумита Қодирзода Саъдӣ бо сухани ифтитоҳӣ шуруъ намуда, дар баромади худ вобаста ба рушди соҳаи саноат ҳамчун омили пешрафту нумӯи иқтисоди давлат маҳсуб ёфта, тараққии дигар соҳаҳо низ марбут ба он дониста мешавад иброз дошта, барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии фаъолияти соҳибкорон, ҳалли мушкилотҳои вуҷуддошта, рушди фаъолияти бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, ба роҳбарони ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои соҳибкорон арзи сипос намуданд.

Мутобиқи рӯзномаи вохӯрии мазкур маърузаҳо аз ҷониби Халифазода Саидаҳтам – сардори Сарраёсати назорати андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳақназарзода Комилҷон– сардори Раёсати пешбурди низоми иҷозатдиҳӣ ва мониторинги санҷишҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вобаста ба имтиёзҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, хусусан назорати камералӣ ва оид ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ”-ро пешкаши ҳозирин намуданд.

Бовуҷуди корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳои зикргардида,ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда, дар рафти вохӯрӣ вобаста ба баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ, дар ин   замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллӣ мавриди баррасӣқарор гирифт.

Дар фарҷоми вохӯрӣ, тақвият додани ҳамкорӣ бо ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои соҳибкорон, ки ҳамчун ташкилоти ҳамоҳангсози фаъолияти соҳибкорон ва ҳимояткунандаи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкорӣ ба шумор мераванд, муҳим арзёбӣ гардида, пешниҳодҳои мушаххас аз ҷониби роҳбарони ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои соҳибкорон баҳри пешрафти самти соҳибкорӣ дар соҳаи саноат оид ба минбаъд табодули таҷриба андӯхтан ва дастовардҳои муваффақи бахши хусусӣ тарҳрезӣ гардиданд.