Баргузории нишасти матбуотӣ

0
84

Санаи 1 августи соли 2022 дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2022 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти № АП – 1729 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2022 баргузор гардид.

Нишасти матбуотӣ бо иштироки раиси Кумита, сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми раис ва муовинон, сардорон ва масъулони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, роҳбарони ташкилотҳои системаи Кумита ва намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.

Нахуст дар назди хабарнигорон аз ҷониби раиси Кумита вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи аввали соли 2022, аз ҷумла ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раванди ислоҳоти пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоя, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, истифодаи самараноки моликияти давлатӣ ва мониторинги лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ маълумоти мухтасар дода шуд.

Сипас, аз ҷониби роҳбарияти Кумита ва сардорони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, ҷалб ва воридоти сармояи мустақим, муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, таҳкими қонунгузориҳо оид ба пешниҳоди имтиёзҳо ба соҳибкорон, вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву молиявии соҳибкорон, таъсиси марказҳои хизматрасонӣ ба соҳибкорон ва сармоягузорон дар ҷумҳурӣ, баргузории форумҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, инчунин имтиёзҳои пешбинишуда дар Кодекси андоз дар таҳрири нав барои соҳибкорон ва эълон гаштани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ посухҳои мушаххас дода шуданд.