Чорабинии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вобаста ба муҳтавои асосии Конститутсия

0
352
Имрӯз дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии вобаста ба муҳтавои асосии Конститутсия доир гашт. 
Чорабинро бо сухани ифтитоҳии муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Абдулмаҷид Мубин оғоз намуда, ҳозиринро бо ин санаи таърихӣ аз номи роҳбарияти Кумита табрик гуфта, дар хусуси нақши таърихии Конститутсия дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва арсаи байналмилалӣ маълумот пешниҳод намуд. 
Инчунин, дар чорабинӣ сардори раёсати пешбурди низоми иҷозатдиҳӣ Ҳақназарзода Комилҷон Сайдулло дар маърузаи “Нақши Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон дар таҳкими давлати демократӣ” суханронӣ намуд. 
Баромадкунандагон ҳозиринро бо таҷлили солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарчашмаи ҳуқуқ эътироф шудааст, табрику муборакбод намуда, асосан қайд карданд, ки мақсади асосии давлати мо эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ ба асоси иродаи мардум аст. 
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо шарофати роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ҳамаи арзишҳо ва суннату анъаноти бебаҳои миллӣ ва умумибашариро дар худ таҷассум менамояд. Риояи Конститутсия, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти кишвар, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шарти муҳими пешрафти давлат мебошад.