Вохӯрӣ бо роҳбарияти ширкати қатарии “Qatari Diar”

0
1 057
Санаи 5 ноябри соли 2018 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми Раиси Кумита Муминзод Абдулмаҷид бо Раиси кулли ширкати қатарии “Qatari Diar” Абдуллоҳ ал – Аттия ва ҳайати ҳамроҳи он баргузор гардид.
Зимни вохурӣ масоили вобаста ба татбиқи минбаъдаи марҳилаҳои дигари лоиҳаи “Диёри Душанбе”, ки бо сармоягузории ширкати қатарии “Qatari Diar” амалӣ гардида истодааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи “Диёри Душанбе” тибқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, ки 25 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, амалӣ шуда истодааст.
Ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими барои татбиқи лоиҳа пешбинишаванда 300 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Лоиҳа моҳи октябри соли 2012 оғоз гардида, анҷоми татбиқи он дар моҳи  сентябри соли 2023 пешбинӣ шудааст. 
Мутобиқи лоиҳа дар масоҳати умумии 68 000 метри мураббаъ кучаи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе аз тарафи ҶДММ “Қатари Диар Реал Истейт Инвестмент Компани Тоҷикистон” 11 бино аз ҷумла: 5  бинои истиқоматӣ иборат аз 400 утоқ бо марказҳои савдо ва истгоҳи зеризаминӣ, 1 бинои меҳмонхонаи 5 ситора иборат аз 65 утоқ, 1 бинои аппартмент барои хизматрасонӣ иборат аз 100 утоқ, 3 бинои офис ва марказҳои савдо бо истгоҳи зеризаминӣ ва 1 бинои кудакистон сохта ба истифода дода мешавад.
Давраи аввали лоиҳа, ки сохтмони 1 бинои истиқоматӣ ва 1 бинои маъмуриро дар бар мегирифт бо сармоягузории  65 млн. долл. ИМА ба итмом расидааст. 

Муовини якуми Раиси Кумита Муминзод Абдулмаҷид ба ҳайат доир ба фазои сармоягузории ҷумҳурӣ иттилоъ дода, ҳамзамон аз ҳайати қатарӣ барои иштирок дар дигар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон даъват ба амал овард.
Дар навбати худ Раиси кулли ширкати қатарии “Qatari Diar” Абдуллоҳ ал – Аттия омодагии ширкатро ҷиҳати татбиқи пурраи лоиҳаи болозикр иброз намуда, инчунин ҷиҳати иштирок дар дигар лоиҳаҳои сармоягузорӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.