Вохӯрӣ бо ҳайати расмии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

0
639
Санаи 15 ноябри соли 2018 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми Раиси Кумита Муминзод Абдулмаҷид Мубин бо ҳайати коршиносони ИМА, аз ҷумла Кристин Строссман - мушовири Хадамоти кишоварзии Сафорати ИМА дар шаҳри Анқара, Филипп де Леон – Президенти ширкати «Trade International Connections» ва Раиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Амрико, Андрей Бюри – муовини Сардори бахши сиёсӣ ва иқтисодии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Лидислав Седиви – муовини Директори фурӯши ширкати “AGCO”, Давлеев Алберт – Президенти ширкати “AGRIFOOD” ва дигар масъулини Сафорати ИМА дар Тоҷикистон баргузор гардид.


Зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои марбут ба дурнамои рушди ҳамкорӣ бо доираҳои тиҷоратии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, пешбурди савдо ва содироти гушти парранда аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти паррандапарварӣ, аз ҷумла тиҷорати таҷҳизот ва ёрии тахникӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.


Дар рафти мулоқот аз ҷониби муовини якуми Раиси Кумита Муминзод А.М. ба ҳайати меҳмонон роҷеъ ба татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти паррандапарварӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозию гумрукӣ маълумот дода шуд.


Тарафҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои судманд дар самтҳои болозикр, ташкили корхонаҳои муштарак ва ҳамзамон дар соли 2019 ташкили намудани сафари ҳайати тиҷоратии Амрико ҷиҳати омӯзиши имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.