Вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо Кордори Сафорати ИМА

0
269
Санаи 7 декабри соли 2018 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита мӯҳтарам Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд бо Кордори Сафорати Иёллоти Муттаҳидаи Амрико дар Љумњурии Тоҷикистон Кевин Коверт ва муовини Сардори бахши сиёсӣ ва иқтисодии Сафорат Эндрю Бюри баргузор гардид.
Зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳо вобаста ба моликияти зеҳнӣ, ҷалби сармояи мустақим аз ИМА ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамои рушди ҳамкорӣ бо доираҳои тиҷоратии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, пешбурди савдо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти паррандапарварӣ, инчунин тиҷорати таҷҳизот ва ёрии тахникӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Дар рафти мулоқот Раиси Кумита Ҳамрализода Фаррух ба ҳайати меҳмонон роҷеъ ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла истеҳсоли гушт ва тухми парранда, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозию гумрукӣ маълумот доданд.
Кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт қайд намуд, ки соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони ИМА ҷихати татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузории мустақим ва дастрасӣ пайдо намудан ба маблағгузории имтиёзнок ба Фонди ОPIC муроҷиат намоянд. Сафорат ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни ҷонибҳо мусоидат хоҳад намуд.  
Тарафҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои судманд дар самти сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои муштарак, ҳамзамон дар соли 2019 ташкил намудани сафари ҳайати сармоягузорони Амрико ба Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши имкониятҳои сармоягузорӣ ба мувофиқа расиданд.