Вохӯрии масъули Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони ва масъулини мақомоти давлатӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд

0
318
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ироа намуданд, аз ҷониби Кумита Гуруҳи корӣ вобаста ба муаррифии “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №95 тасдиқ гардидаст, таъсис дода шуд.
Гӯруҳи корӣ санаи 3 апрели соли 2019 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо соҳибкорону сармоягузорони муваффақ, роҳбарият ва масъулони соҳаи иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо, раёсату бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят вохӯрӣ баргузор намуданд. 
Дар раванди вохӯрӣ масъулин маълумоти мушаххасро оид ба ислоҳоти гузаронидашуда дар самти рушди соҳаҳои соҳибкориву сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ, имтиёзҳои фискалӣ ва ғайрифискалии пешниҳоднамудаи давлат солҳои охир, ба иштирокчиёни чорабинӣ манзур намуданд.
Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои тадбирҳое, ки дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 №95 тасдиқ шудааст, гуфтугузор баргузор гардид.
Инчунин, аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ рӯнамоҳо дар мавзӯҳои “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Такмили қонунгузорӣ дар бахши танзими фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои 300 рӯзи ислоҳот”, таъсиси Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон”, “Баланд бардоштани малакаи касбии соҳибкорон, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон, содироткунандагон ва ҷорӣ намудани усулҳои нави пешбурди соҳибкорӣ” ва “Суръат бахшидан ба рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузорӣ” пешниҳод гардида, дар як вақт ба саволҳои иштирокчиён дар самтҳои матраҳшаванда посухҳои дахлдор пешниҳод гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён он хеле хуб арзёбӣ гардида, хоҳиш ба амал оварда шуд, ки чунин вохӯриҳо минбаъд низ тибқи тартиби муқарраргардида мунтазам баргузор гарданд.