Ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон

0
137
8-9 апрели соли 2019 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Касимбек Женис Маҳмудович ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо ва субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок доштанд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиётӣ, саноат, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, об ва энергетика, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Комиссия ба тамоми мақомотҳои давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидори Тарафҳо тавсия дод, ки тадбирҳои заруриро барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобила ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои афзун  намудани гардиши савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон  чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ вохӯрии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин доир гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаи ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои муштарак, инчунин афзоиши иқтидори ҳамкории самаранок, татбиқи лоиҳаҳои муштараки дорои хусусияти иқтисодӣ ва сармоягузорӣ доштаро баррасӣ карданд.
  Аз натиҷаи кори ҷаласа Протоколи ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Харитаи роҳ оид ба афзоиш додани гардиши савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2019-2021 ба имзо расонида шуд.