Ҷаласа оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ

0
455
Санаи 19 апрели соли 2019 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷаласа оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳо, агентиҳои иҷроия ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳо, иштирок намудаанд.
Қайд гардид, ки бо кушишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, инчунин бо дастгирии молиявии шарикони рушд айни замон дар мамлакат 70 лоиҳа ба маблағи умумии он 31,9[1] млрд. сомонӣ (3,38 млрд. доллари ИМА) амалӣ гардида истодааст.
Дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои қарзӣ 16,6 млрд. сомонӣ (1,76 млрд. доллар) ё 52 фоиз, маблағҳои грантӣ 13,8 млрд. сомонӣ (1,46 млрд. доллар) ё 43,2 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,37 млрд. сомонӣ (145,4 млн. доллар) ё 4,3 фоиз ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоаҳо (бенефитсиарҳо) ва ғайра 162,3 млн. сомонӣ (17,2 млн. доллар) ё 0,5 фоизро ташкил медиҳад.
Манбаи маблағгузории маҷмӯи (портфели) лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда асосан аз сарчашмаҳои зерин иборат мебошад: Бонки Осиёгии Рушд 889,6 млн. доллар ё 26,3 фоизи маблағи умумии портфел, Бонки Умумиҷаҳонӣ 579,8 млн. доллар ё 17,2 фоиз, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 506,4 млн. доллар ё 15,0 фоиз, Ҷумҳурии Халқии Хитой 479,4 млн. доллар ё 14,2 фоиз, Бонки Исломии Рушд 149,4 млн. доллар ё 4,4 фоиз, Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ 89,1 млн. доллар ё 2,6 фоиз, Бонки Осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ 87,5 млн. доллар ё 2,6 фоиз, Фонди Саудии Рушд 85,0 млн. доллар ё 2,5 фоиз, Бонки Олмонии Рушд 70,9 млн. доллар ё 2,1 фоиз ва дигар ташкилоти молиявӣ.
Дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда аз аввали татбиқ   то 1 апрели соли 2019-ум 15,4 млрд. сомонӣ ё 1,63 млрд. доллар аз худ карда шудааст, ки ин 48,3 фоизи маблағи умумии онҳоро ташкил медиҳад.
Дар семоҳаи якуми соли 2019 дар доираи лоиҳаҳои мазкур 669,9 млн. сомонӣ (70,97 млн. доллар) аз худ карда шудааст, ки ин дар маҷмӯъ ба 96 фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботӣ (нақшаи молиявии умумии давраи ҳисоботии соли 2019 – 694,7 млн. сомонӣ ё 73,6 млн. доллар) баробар аст.
Сипас тибқи рӯзнома ҳисоботи  роҳбарони агентиҳои иҷроия ва татбиқкунанда доир ба рафти татбиқ ва азхудкунии воситаҳои молиявии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар давраи ҳисоботӣ, мушкилот ва камбудию норасогиҳои ҷойдошта ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати ҳалли онҳо шунида шуд. 
Дар охир оид ба бартараф намудани камбудиҳо, ба агентиҳои иҷроияи ва татбиқунандаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷониби Муовини якуми сарвазири мамлакат супоришҳои мушаххас дода шуд.
[1] Қурби расмии асъор: 1 доллари ИМА баробар ба 9,4385 сомонӣ (ба ҳолати 01.04.2019с.)