Ташрифи ҳайати соҳибкорони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
147
Ҳайати аъзои Ассотсиатсияи ширкатҳои сохтмонии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун аз 15 то 21 апрели соли 2019 бо мақсади ба роҳ мондани робитаҳои мустақим бо ширкатҳои ватанӣ, табодули таҷриба дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сохтмонӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Зимни ташриф ҳайати Урдунӣ бо роҳбарияти кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, сохтмон ва меъморӣ, Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон ва як қатор ширкатҳои сохтмонии ҷумҳурӣ вохурию мулоқотҳо анҷом дода, аз корҳои сохтмонӣ ва иншоотҳои ширкатҳои ватанӣ дидан намуданд.
Инчунин, дар доираи сафари мазкур байни Ассотсиатсия сохтмончиёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ширкатҳои сохтмонии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.