Баимзорасонии созишномаи сармоягузорӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Авесто Гурӯҳ”

0
236
25 апрели соли 2019 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ маросими баимзорасонии    «Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Авесто Гурӯҳ" оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии "Сиёма» дар шаҳри Душанбе" баргузор гардид.
Созишномаро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Муҳамад Мирзо Директори генералии ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» ба имзо расониданд.
Татбиқи лоиҳа бо мақсади амалигардонии ҳадафҳои рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла саноатикунонии кишвар, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадафи чорум эълон гардидааст, равона карда шудааст.
Татбиқи лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 10 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 
Аз ҷониби ҶДММ “Авесто Гуруҳ” маблағгузории асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашӣ, сохтмони корхона, харидории техника ва технологияи зарурии истеҳсолӣ, сохтмони инфрасохтори зарурӣ анҷом дода мешавад.
Муҳлати амали созишнома аз рузи тасдиқ гардидани он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 солро дар бар гирифта, зимни татбиқи лоиҳа талаботи сохтмонӣ, бехатарӣ ва экологии кишвар аз тарафи Сармоягузор пурра риоя мегардад.